4.2
50 review
5.98 MB
17+
Content rating
11.5K
Downloads
Ислом ва тиҷорат screenshot 1 Ислом ва тиҷорат screenshot 2 Ислом ва тиҷорат screenshot 3 Ислом ва тиҷорат screenshot 4 Ислом ва тиҷорат screenshot 5 Ислом ва тиҷорат screenshot 6

About this product

Barnomai Islom va tiҷorat

Rating and review

4.2
50 ratings
5
4
3
2
1

Ислом ва тиҷорат description

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Ҳамди беҳад, санои беаъдо,
Бар Худое, ки нури имон дод.
Ғофир асту, Раҳиму Раҳмон аст,
Пок аз айбу ширку нуқсон аст.
Салавоти Худо ҳар соат,
Ба расуле, ки ҳаст зудтоат.
Номи Рокаш Муҳаммади арабӣ,
Раҳнамояндаи бузургу сабӣ.
Аммо баъд,
Инсон ин махлуқи баргузида аз ҷониби Аллоҳ (ҷ) ва муташаккил аз рӯҳу ҷисм беҳуда офарида нашудааст, балки ба хотири ҳадафи воло ва шариф, қи ҳамон ибодату бандагӣ мебошад, халқ шудааст.
Ҳамчунин барои иҷрои шариати илоҳӣ дар зиндагияш ва саъй дар ҷиҳати ҷалби ризояти Аллоҳ (ҷ), ки ӯро ғарқ дар неъматҳои бешумори кӯчаку бузургаш гардонида, офарида шудааст. Аммо агар неъматҳо дар ростои ризояти Парвардигор ба кор гирифта нашавад ва дар роҳи маъсияти Аллоҳ (ҷ) истифода шавад, ниёз ба тавбаву бозгашт аст, то Рас аз он шахси тавбакунанда бидонад, ки чӣ қадар назди Худованди мутаол боарзиш аст ва ба мизони муҳаббати Парвардигор нисбат ба бандае, ки ба сӯи ӯ боз мегардад ва ҷиҳати касби ризояташ талош мекунад, Рай бибарад.
Китоби мазкур ба муносибати 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо мақсади ҷорӣ намудани хизматрасонии наву ҳозиразамони бонкӣ дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суРориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2010 оиди тақия ва татбиқ гардидани низоми Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардида, барои мутолиаи омма Решбинӣ мегардад. Чун маҳз дар ҳамин даврони истиқлолият имконияти васеъи нашри маводҳо мувофиқи шариати Ислом фароҳам гардид.
Аз фурсат истифода бурда, ба он шахсони барӯманде, ки дар нашри китоб саҳми арзандаи худро дареғ надоштанд, миннатдорӣ изҳор менамоям ва аз Аллоҳ (ҷ) саодатмандии ҳарду оламро барояшон хоҳонам.
↓ Read more